Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеа

Баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеа

Санаи 31 марти соли ҷорӣ бахшида ба муносибати 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ дар донишкада семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Баробарҳуқуқии гендерӣ ва танзими он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Чорабиниро мудири кафедра Саидалӣ Ҳаитов оғоз бахшида, қайд намуд, ки баробарҳуқуқӣ яке аз усулҳои конститутсионии вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки махсус дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Конститутсия эълон менамояд, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад, гуфт номбурда.  
Сипас дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ҳомидова Қутбия дар мавзўи «Дини ислом кафили баробарҳуқуқии зану мард» маъруза намуда, мавқеи зан-модарро аз нигоҳи дини Ислом ва меъёрҳои шаръии он фаҳмонида, қайд намуд, ки дар баробари паҳн гаштани дини мазкур оила ва бахусус занҳо мавқеи мустаҳками ҳуқуқиро пайдо карданд ва мувофиқи он ҳуқуқҳои зану мард муайян карда шуд.
Ҳамзамон дотсенти кафедра Носиров Н., асситентон Қосимова Т. ва Холинова М. андешаҳои худро дар бораи баробарҳуқуқии зану мард дар замони имрўза иброз доштанд.
Дар охир қайд гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон дар ниҳодҳои давлатӣ занҳо низ роҳбар таъин мегарданд, ки ин шаҳодати риояи баробарҳуқуқии гендерӣ дар кишварамон аст.


Хусрав Муҳиддинов