Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нигоҳе ба вазъи низоми бонкии кишвар

Нигоҳе ба вазъи низоми бонкии кишвар

Дар шароити такмили муносибатҳои иқтисодӣ ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ рушди низоми бонкӣ яке аз масъалаҳои асосии давлат ба ҳисоб меравад. Низоми бонкӣ яке аз қисмҳои калидии иқтисодиёт ва фишанги муҳиме мебошад, ки вазъи воқеии иқтисодиёти ҳар як мамлакатро нишон медиҳад. Сатҳи рушди низоми бонкӣ шароит фароҳам меорад, ки соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии аҳолӣ рушд ёфта, барои пешрафт мусоидат намояд.
2 апрел дар донишкада тибқи нақша-чорабинии кафедраи фаъолияти бонкӣ конференсияи илмӣ-амалии донишкадавӣ дар мавзӯи «Ҳолати низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити буҳрони молиявии ҷаҳони муосир» баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишкада А. Солеҳзода ифтитоҳ намуда, аз ташрифи меҳмон ба донишкада истиқбол кард.
Сипас маърӯзачиёни асосӣ - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Сиёсати молиявӣ ва муаммоҳои имрӯзаи идоракунии он», номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, иқтисодчии намояндагии доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Муҳаммадӣ Бобоев дар мавзӯи «Макроэкономическая ситуация Республики Таджикистан, перспектива и развития», номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, ходими пешбари шуъбаи таҳқиқотҳои назариявӣ ва таърихи иқтисодии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИҶТ Искандар Давлатов дар мавзӯи «Осебпазирии низоми бонкии Тоҷикистон» баромад намуданд.
Ш. Раҳимзода дар баромади худ доир ба дурнамои сиёсати иқтисодии кишвар, сатҳи таваррум, рушди номуназзами иқтисод ва устувории пули миллӣ изҳори андеша намуд.
Пас аз баромади маърузачиён музокира сурат гирифт.
Баъдан конфронс дар ду бахш: молия, андоз ва фаъолияти бонкӣ ва бахши таҳлил ва идора дар иқтисодиёт баргузор гардид. Дар он баромадкунандагон роҷеъ ба масъалаҳои роҳҳои самаранок истифодабарии қарзҳои бонкӣ дар шароити имрӯза, механизмҳои асосии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ дар шароити имрӯза, роҳҳои такмилдиҳии маблағгузории буҷети давлатӣ ва ғайра маърузаҳо пешниҳод намуданд.


Насрулло Тӯйчизода