Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мизи мудаввари муштарак

Мизи мудаввари муштарак

Тибқи нақшаи доир намудани машваратҳои илмии кафедраи фаъолияти гумрук Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 1 апрели соли ҷорӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Роҳҳои самаранок истифода бурдани воситаҳои техникии назорати гумрукӣ дар мақомоти гумрук» доир намуд.
Мизи мудаввар доираи васеи масъалаҳои марбут ба омӯзиш ва таҳқиқи бартариҳо ва камбудиҳои истифодаи воситаҳои техникии назорати гумрукӣ, нақшу таъсири ин воситаҳо дар баландбардории сифати барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ, арзёбии ҳолати муосири мушкилиҳои истифодабарӣ ва роҳҳои ҳалли он, муайян намудани самтҳои такмили воситаҳои техникии назорати гумрукиро дар бар гирифт.
Тибқи барнома полковники хадамоти гумрук Сафаров И. И. дар мавзӯи «Тартиби истифодабарии воситаҳои техникии назорати гумрукӣ дар мақомоти гумрук», мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ, дотсент Мираков Қ. М. дар мавзӯи “Муаммоҳои истифодабарии ВТНГ ва роҳҳои ҳалли онҳо”, донишҷӯи курси 3 ихтисоси 1-96010102 Алматов М. Д. дар мавзӯи “Нақш ва моҳияти самаранок истифода бурдани ВТНГ” баромад намуданд.
Дар қисми амалии мизи мудаввар иштирокчиён бо тартиби истифодабарии воситаҳои техникии назорати гумрукӣ дар пешбурди фаъолияти кории мақомоти гумрук шинос шуданд. Аз ҷумла, минтақаи назорати гумрукии мусофирон ва боѓоҷи онҳо ва тартиби истифода бурдани воситаҳои техникии назорати гумрукӣ, минтақаи назорати гумрукии воситаҳои нақлиёт ва тартиби истифода бурдани воситаҳои техникии назорати гумрукӣ, минтақаи назорати гумрукии майдони ҳавоӣ ва тартиби истифода бурдани воситаҳои техникии назорати гумрукӣ.
Ҳамин тавр, дар кори мизи мудаввар масъалаҳои истифодаи самараноки воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ҳам дар шакли назариявӣ ва ҳам амалӣ баррасӣ карда шуд.


М. Абдуллоева