Хабарҳо

Маҳфили молиячиён
Санаи 29 марти соли равон бо ташаббуси кафедраи молия ва муомилоти пулӣ маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Ҷустуҷӯи эҷодӣ» баргузор гардид.
Дар он донишҷӯи курси 3 Файзиддин Давлатов дар мавзӯи «Роҳҳои ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва такмили он дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда, оид ба мафҳум, намудҳо ва сатҳу нишондиҳандаҳои афзоиш ёфтани сармоягузорӣ дар бахши хусусӣ ва давлатӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии мамлакат маълумот дода, иброз дошт, ки маҳз гузаштан ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ ин азнавсозию бакорандозии иқтидорҳои истеҳсолию молиявӣ мебошад.
Ҳамзамон донишҷӯи курси 4 Манзура Маллаева дар мавзӯи «Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва истифодаи онҳо дар таҳияи буҷети давлатӣ» баромад карда, доир ба аҳамияти нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва истифодаи онҳо дар мавриди таҳияи буҷети давлатӣ маълумот дод. Номбурда қайд кард, ки рушду нумӯи иқтисодиёт ва сатҳи некуаҳволии мардум, пеш аз ҳама, аз малака ва ривоҷу равнақи шуѓли аҳолӣ вобаста аст. Бинобар ин истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, меҳнатӣ ва молиявии давлат метавонанд ба пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат мусоидат намоянд.
Дар охири чорабинӣ баҳси илмӣ сурат гирифт, ки иштирокчиён аз он ба худ ғизои маънавӣ бардоштанд.
Хушбахт Ахмедов
муаллими калони кафедраи молия ва муомилоти пулӣ