Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Алоқаи оила бо мактаб вусъат меёбад

Алоқаи оила бо мактаб вусъат меёбад

Рӯзи 2 апрел дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида маҷлиси падару модарон доир гардид.
Дар он ба волидон оид ба ҷамъбасти сессияи имтиҳонии нимсолаи соли таҳсили 2015-2016 ва дар бораи интизом ва иштироки фарзандонашон дар машғулиятҳои дарсӣ маълумоти муфассал дода шуд.
Сараввал декани факултет Ҷурахон Шарипов баромад карда, иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои муҳими рӯз, бахусус дар муассисаҳои таълимӣ ин раванди кор бо волидайн мебошад. Зеро қабули Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» яке аз тадбирҳои наҷиби пешгирифтаи давлату ҳукумат ба шумор рафта, он имрӯзҳо дар чараёни амалишавӣ қарор дорад. Яке аз фишангҳои асосии татбиқи ин қонун фаъолияти пурмаҳсули кураторон ба шумор меравад. Маҳз кураторон метавонанд, ки бо ташаббусу масъулият ҳадафҳои асосии ин қонунро дар самти таълиму тарбияи дуруст ба донишҷӯён расонанд, гуфт декан.
Сипас дар кори ҷаласа масъалаҳои давомоти донишҷӯён, ҳозир шудан ба донишкада бо ҷузвдон, китобу дафтар ва дигар лавозимоти таълимӣ, риоя намудани қоидаҳои тартиботи дохилии донишкада ва хобгоҳ, нагаравидани донишҷӯён ба ҳаргуна равияҳои сиёсию динии хусусияти экстремистидошта, аз истифодаи телефонҳои мобилӣ дар саҳни донишкада худдорӣ намудан, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, вусъати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, воқиф будан аз рафтор ва одоби муоширати донишҷӯ, баланд бардоштани сифат ва сатҳи донишандузии онҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охир, чанде аз волидон баромад ва баргузории ҷаласаи волидайнро нек арзёбӣ карда, онро таҳкимбахши равобити байни оила ва муассисаи таълимӣ маънидод карданд.


Машҳура Абдуллоева