Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши санъат ва ҳунар дар ташаккули фарҳанги маънавӣ

Нақши санъат ва ҳунар дар ташаккули фарҳанги маънавӣ

Маҳфили илмӣ-тарбиявии донишкадавии «Фарҳангдӯст», ки 6-уми апрел сурат гирифт, ин навбат низ пурмуҳтаво ва хотирмон буд. Зеро мавзӯи навбатии маҳфил ба ҳамагон писанд омада, ҳар як иштирокчиро ба андеша кардан водор сохт.
Маҳфилро сардори Раёсати илм ва инноватсияи ДМИТ Қутбиддин Муқимов ва раиси маҳфил, дотсент Ғуломҷон Мирзоев ифтитоҳ намуданд. Зикр гашт, ки маҳфили мазкур бори панҷум аст, ки дар ин боргоҳи маърифат баргузор мегардад.
Меҳмони ҳамоиш - мудири шуъбаи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Саъдулло Раҳимов дар мавзӯи «Нақши ҳунар дар ташаккули фарҳанги маънавӣ» баромад намуд. Номбурда аз роҳи тайнамудаи зиёиёни тоҷик ва нақши онҳо дар бозсозии тафаккури фарҳангӣ, рушди санъати театрӣ ва кино, санъати тасвирӣ, завқи зебоипарастии ҷавонон, таваҷҷуҳи онҳо ба фарҳанг  ва арзишҳои миллӣ ва ғайра андешаронӣ кард.
- Мо зиёиён вазифадор ҳастем, ки роҳҳои омӯхтани арзишҳои миллӣ ва мероси фарҳангиро ба ҷавонону толибилмон пешниҳод созем. Истиқлолият талаботи нави худро дорад, то бо диди нав ба ҷомеа назар афканем. Диди нав – ин шинохти масъулият пеши худу таърих ва наслҳои оянда аст. Мероси гузаштаро бояд бо назардошти ҳадафу манфиатҳо ва диди нав омӯзем,- афзуд донишманди варзида С. Раҳимов.
Дар фарҷом устодони донишкада низ дар ҳошияи ин мавзӯъ баромад карда, андешаҳои худро баён намуданд.


Насрулло Тӯйчизода