Хабарҳо

Забони англисӣ - забони байналмилалӣ
Дар таърихи 2 апрели соли равон кафедраи забонҳои хориҷӣ семинари илмӣ дар мавзӯи «Забони англисӣ-ҳамчун забони байналмилалӣ» баргузор намуд. Онро мудири кафедра Туйғунов Н. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки донистани забони дигар халқиятҳо барои боз ҳам робитаи наздик пайдо кардани фарҳангҳои мо мусоидат менамояд.
Дар он мавзӯъҳои актуалӣ, робитаҳои илмӣ ва фарҳангии кишварҳои англисзабон бо Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ассистенти кафедра Абдуллоева М. дар мавзӯи «Аҳамияти таълими забони англисӣ дар кишвари соҳибистиқлол» маъруза намуда, иброз дошт, дар шароити кунунӣ омӯхтани забони англисӣ барои ҳар як донишҷӯи макотиби олӣ шарт ва зарур мебошад. Чунки тайи солҳои охир корхонаву идораҳои давлатӣ, созмонҳову ташкилотҳои ѓайридавлатӣ ҳангоми ба кор қабул кардани кормандон дар баробари донистани забони давлатӣ боз донистани на камтар аз ду забони хориҷиро талаб мекунанд, ки дар ин росто забони англисӣ яке аз онҳост, гуфт номбурда.
Дар охир, иштирокчиён роҷеъ ба масъалаи баррасишаванда мулоҳизаронӣ карданд.
Хусрав Муҳиддинов