Хабарҳо

Санъати ташкили идоракунии буҷавӣ
Кафедраи менеҷмент рӯзи 6-уми апрели соли равон вобаста ба мавзӯи «Санъати ташкили идоракунии буҷавӣ ва баҳисобгирии роҳбарӣ» мизи мудаввар баргузор намуд, ки дар он устодон ва донишҷӯёни курси 3 ва 2 иштирок доштанд.
Дар он мудири кафедраи менеҷмент, дотсент Назарамонова Д. М., дотсент Қосимова С., Ҳомидов А., Хуррамова З. баромад карданд.
Гуфта шуд, ки яке аз воситаҳои асосии роҳбарӣ дар самти банақшагирии ташкилотҳо ва назорати фаъолияти онҳо молиякунонӣ мебошад. Аз тарафи дигар, буҷа ин асоси банақшагирии фаъолият буда, аз рӯи нишондиҳандаҳои молиявӣ баҳо дода мешавад. Бинобар ин нақшаи аниқи фаъолияти ташкилот барои давраи муайян, аслан барои як сол ё худ як лоиҳаи мақсаднок тартиб дода мешавад.
Дар охир, донишҷӯён доир ба мавзӯи баррасишаванда суолҳо дода, ба онҳо посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Ҷиёнхони А
донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси менеҷменти факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ