Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Буҳрони молиявӣ ва таъсири он

Буҳрони молиявӣ ва таъсири он

Дар таърихи 6 апрели соли ҷорӣ факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ маҳфили илмӣ-назариявиро дар мавзӯи «Буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва баъзе ҷабҳаҳои назариявии он» баргузор намуд.
Маҳфилро Зафар Ҳалимхонов, ассистенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ ифтитоҳ намуда, оид ба мавзӯи зикргардида фикру ақидаи худро баён намуд.
Ҳамзамон донишҷӯёни курси 2 Шохрух Насимов дар мавзӯи «Таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва чораҳои зиддибуҳронӣ дар кишвар» ва Ҳоҷиев Олисомон дар мавзӯи «Таъсири омилҳои буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти миллӣ» маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Гуфта шуд, ки буҳрони молиявӣ дар тамоми ҷаҳон ҷараён дошта, ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ бетаъсир намондааст ва барои аз ин вазъият баромадан Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро дида истодааст.


Хусрав Муҳиддинов