Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон - меъмори давлати навини тоҷикон
Дар таърихи 6 апрели соли равон факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ маҳфили зеҳнӣ дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузор ва меъмори давлати навини Тоҷикистон» доир намуд.
Дар он н.и.т., дотсент Н. Тоҷов маъруза намуда, иброз дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон замоне ба саҳнаи сиёсат ва давлатдорӣ омад, ки арзишҳои миллӣ беқадру беаҳамият гашта буданд. Ӯ ҳамчун нафари худогоҳу дурандеш эҳсос мекард, ки мардуми моро танҳо бо фарҳанг ва таҳаммулпазирӣ метавон сарҷамъ овард. Аз оғози фаъолияти сиёсӣ Сарвари давлат зарурати эъмори давлати миллиро асоси консепсияи сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии худ қарор дода, саъю талошашро барои инкишофи шуури миллат сафарбар кард. Вай итминон дошт, ки ҳадафи волои ӯ барои ҳалли вазифаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ заминаи мусоид ва воқеӣ фароҳам меорад. Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба масъалаҳои сарнавишти таърихӣ ва фарҳанги миллати соҳибтамаддуни тоҷик, омилҳои бақо ва ҳастии он, шинохти озодиву истиқлолият, арзишҳои фарҳангиву маънавии он таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ҳеҷ миллате бе омӯхтан ва донистани арзишҳои ахлоқиву маънавии гузаштаи худ хотираи таърихии худро наметавонад рушду густариш диҳад. Андешаҳо ва раҳнамоиҳои Сарвари давлат парвариши судманди ифтихори миллӣ ва ватандориро дар се асл воҷиб медонад. Асли аввал ибратгирӣ аз таърихи пуршебу фароз, вале ифтихоромези гузашта, асли дувум забони куҳан ва пуриқтидори модарӣ ва асли савум сарнавишти чеҳраҳои баргузидаи таърихиву фарҳангӣ мебошанд, гуфт Тоҷов Н.
Дар охир, хизматҳои баргузидаи Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муайян намудани роҳҳои инкишофи минбаъдаи миллат ва кишвар, шинохти ҳадафҳои миллӣ ва ормонҳои маънавӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар ёдрас карда шуданд.
Мавзуна Ҳакимова,
ассистенти кафедраи менеҷменти молиявӣ