Хабарҳо

Омилҳои рушди аудити сармоягузорӣ
Санаи 5 апрели соли равон кафедраи аудит ва ревизия маҳфили илмии донишҷӯёнро дар мавзӯи «Нақши назорати молиявӣ ва аудит дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ» баргузор намуд.
Донишҷӯёни болаёқати факулта маърузаҳояшонро роҷеъ ба мавзӯи мавриди назар бо презентатсияҳо пешкаши ҳозирин намуданд. Аз ҷумла донишҷӯи курси сеюм Сафарзода М. дар мавзӯи «Назорати молиявӣ ва аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», Раҳимов М. донишҷӯи курси дуюм дар мавзӯи «Муҳимияти назорати молиявӣ дар сатҳи давлатӣ» маърузаҳои пурмуҳтаво карданд.
Дар охир миёни иштирокчиёни маҳфил мубоҳиса сурат гирифт, ки барои такмил додани дониши толибилмон саҳмгузор хоҳад буд.
Хусрав Муҳиддинов