Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шаҳрдорӣ ва имкониятҳои тараққиёти идоракунии сокиншавии аҳолӣ

Шаҳрдорӣ ва имкониятҳои тараққиёти идоракунии сокиншавии аҳолӣ

Санаи 9 феврали соли 2016 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ» баргузор гардид. Дар маҳфил масъалаҳои банақшагирии равандҳои идоракунии шаҳрдорӣ ва вазъи сокиншавии аҳолӣ, заминаҳои илмию омӯзишии роҳҳои бартараф кардани мушкилиҳои хадамотӣ, роҳҳои пурсамари пешгирии онҳо ба иштирокчиён пешниҳод гардонида шуд.
Баромадкунанда: декани факултети технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт дотсент Нуралиев Амрулло дар маҳфил таҳти унвони «Хадамоти шаҳрии идоракунӣ: сокиншавии аҳолӣ: таҷрибаи Ҳиндустон дар тараққиёти шаҳрдорӣ дар мисоли ш.Деҳлӣ» аз натиҷаи сафари хидматиаш шунида шуд.
Муовини ректори донишкада оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров кори маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, васеъ сафарбар карда тавонистани захираҳои дохилиро дар роҳҳои рушди хадамоти шаҳрдорӣ ва сокиншавии аҳолӣ бо назардошти хусусиятҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ қайд намуд.
Чунонки Нуралиев А. иброз дошт, асоси ташаккул додани шаҳрдорӣ ин дуруст ба роҳ мондани идоракунии ин масъала дар Ҳиндустон, ба роҳ мондани омӯзиш ва истифодаи моделҳои нави идоракунии вазъи сокиншавии аҳолӣ мебошад. Вобастакунии имкониятҳои таъмин гардонидани идоракунии онҳо дар хизматрасонӣ бо механизм ва фишангҳои миллиашон алоқаманд гардонида шудааст. Ҳамзамон чунин амал бештар дар заминаи назорат, истифода аз фишангҳои ҳамоҳангии ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбати ҳалли идоракунии дастрасӣ ба манзил дар асоси даромадҳои аҳолӣ барои пешравӣ ба роҳ монда шудааст. Дар заминаи мақсадҳои навсозию дигаргунӣ, ин мамлакат тавонистааст, ки ба давлати рушдёфтаи ҳалли хадамоти шаҳрии идоракунии сокиншавии аҳолӣ табдил ёбад.
Баромадкунанда бо назардошти вазъи бозомӯзии навигариҳои хадамоти шаҳрии сокиншавӣ қайд намуд, ки ингуна вазъият ҷиҳатҳои омӯзиширо дорост. Дар ҷараёни сафарбарнамоии функсия ва вазифаҳои идоракунии сокиншавии аҳолӣ дар Ҳиндустон ба назар мерасад, ки ба ин самт муносибати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Сари ҳар қадам аз тарафи онҳо риояи баланди муносибати хайрхоҳона, якдигарфаҳмӣ, хоксории рафтору дарёфти ҳалли масъалаҳои хадамотии шаҳр аз ҷараёни сохтмон сар карда, то тақсимоти фонди манзил, самаранок ба роҳ мондани хоҷагидории шаҳр ба назар мерасид.
Ҳамин тавр мавзӯи баҳс ба самте нигаронида шуда буд, ки ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи рушди идоракунии шаҳрдорӣ дар алоқамандӣ бо таълим дар муассисаҳои таълимии кишвар ва дараҷаи сифатан нави пеш гирифтани омӯзиши онҳо дар сатҳи байналхалқӣ алоқаманд баррасӣ гардид. Бо мақсади минбаъд пеш гирифтани роҳҳои нави истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ, ба эътибор гирифтани мушкилиҳои хадамоти шаҳрии идоракунӣ ва рафъи онҳо дар мавқеъгирии Тоҷикистон аз ҳисоби васеъ истифодабарии дастовардҳои замони муосир қайд гардид. Дар бораи сокиншавии аҳолӣ аксари иштирокчиён андешаҳои худро баён карданд.
Маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ» пурмазмун ва аз нигоҳи истифодаи таҷрибаи пешқадам дар рушди хадамоти шаҳрии идоракунӣ ва сокиншавии аҳолии кишвар ҷолиб гузашт.


Саъдихоҷа Маъдиев,

н.и.и., дотсент, котиби маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ»