Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии масъалаҳои муҳимми илм

Баррасии масъалаҳои муҳимми илм

8-уми апрели соли равон дар донишкада бахшида ба рӯзи иқтисодчиён ва ҳафтаи китоб бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия ҷамъомади васеъ бо иштироки мудирони кафедраҳо ва сохторҳои дигар баргузор гардид. Сараввал ноиби ректор оид ба илм Ғ. Ашӯров чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин ҷашнҳо табрик кард. Зикр намуд, ки рушди устувори иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ торафт таъмин гашта, он боиси баланд гаштани сатҳи зиндагии аҳолӣ шуда истодааст. Кушода шудани якчанд корхонаҳои саноатӣ ва рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ба ин мисол шуда метавонад.
Сипас бо нақшаи ҷаласа ошно намуда, тибқи он масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Дар нишасти мазкур вобаста ба вазъи китобхонӣ дар донишкада директори китобхонаи илмӣ А. Юнусов баромад намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар дили донишҷӯён шавқу рағбати китобхониро бештар таблиғу ташвиқ сохта, дар худи китобхона чорабиниҳои илмӣ, семинару нишастҳоро баргузор намоянд. Инчунин иброз дошт, ки барои обунашавии донишҷӯён ба китобхона дафтарчаи махсус таъсис дода шудааст, ки он имкон медиҳад, ки ҳам аз китобхонаи электронӣ ва ҳам аз китобхонаи илмӣ истифода баранд. Қайд гашт, ки айни ҳол дар китобхонаи электронии донишкада беш аз 238 ҳазор китобҳои электронӣ мавҷуд аст.
Сардори Раёсати илм ва инноватсия Қ. Муқимов дар масъалаи фаъолияти илмии аспирантону унвонҷӯён дар кафедраҳо иттилоъ дода, зикр кард, ки айни замон дар бахши аспирантура ва докторантура 37 нафар аспирант, 5 нафар докторант аз рӯи ихтисос PhD, 3 унвонҷӯй ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар моҳи январи соли 2016 аспирантон ва унвонҷӯёни донишкада аз аттестатсияи солона гузаштанд. Натиҷа нишон дод, ки аспирантону унвонҷӯён чандон тайёрии хуб надоштанд. Ин ба он оварда расонд, ки 10 нафар хориҷ шуданд. Аз ҳамаи мудирони кафедраҳо хоҳиш карда шуд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус диҳанд ва ҳар се моҳ ҳисоботи аспирантону унвонҷӯёнро қабул карда, аз аттестатсияи кафедравӣ гузаронанд. Инчунин таъкид карда шуд, ки ҳисоботи семоҳаи худро саривақт ба бахши аспирантура ва докторантура супоранд ва ҳамзамон иштироки аспирантону унвонҷӯёнро ба дарсҳо ба таври ҷиддӣ таъмин намоянд.
Устодони донишкада низ ин масъалаҳоро дастгирӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар ҳалли он кӯшиш менамоянд.


Насрулло Тӯйчизода