Хабарҳо

Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон рисолати ӯст
Санаи 12 апрели соли равон дар курсҳои якуми ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳои факултети ҳисобдорӣ ва омор устоди кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Рухсора Шарипова дарси тарбиявии кушод дар мавзӯи «Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон рисолати ӯст» гузаронид.
Донишҷӯёни фаъоли гурӯҳ Наврӯзи Давлаталӣ дар мавзӯи мавриди назар, Ҳошимова Ибодат дар мавзӯи «Дастовардҳои асосии Пешвои миллат», Умаров Савриддин дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон- саодатбахши миллат» маърузаҳо карданд.
Зикр гардид, ки маҳз бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, тоҷикон ба сулҳи комил ва ваҳдати воқеӣ даст ёфтаву сазовори чунин як ватани ободу осоишта гардидем. Ин қаҳрамониҳои Пешвои миллатамон дар суҳуфоти таърихи миллати тоҷик ҳамеша нақш хоҳад баст.
Дар охир, донишҷӯён дар васфи Пешвои миллат шеърҳо хонданд.
Хусрав Муҳиддинов