Хабарҳо

Донишҷӯёни тоҷик дар Қазоқистон Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Тавре Абдумаликҷон Зокиров, донишҷӯи курси 3, факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, ки айни замон дар Донишгоҳи НАРХОЗ-и Қазоқистон таҳсил дорад, иттилоъ дод, рӯзи 7 апрели соли равон дар ин донишгоҳ иди Наврӯз мутантан ҷашн гирифта шуд. Дар қатори донишҷӯёни дигар давлатҳо як гурӯҳ донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки бо барномаи "Мубодилаи донишҷӯён" дар ин таълимгоҳ қарор доранд, аз ҷумла Ашуров Тоҷиддин, Аброрзода Шаҳноза, Давлатов Маҳмудҷон, Зиёев Шаҳриёр, Раҳматова Саодат, Саидмуминова Соибегим ва Маликзода Балкис бо пешниҳоди ҳафтсину ҳафтшин, ки хоси дастархони наврӯзист, анъанаҳои миллии моро нишон доданд.
Дар ин чорабинӣ духтарон рақси миллӣ карда, санъати тоҷиконро муаррифӣ карданд.
Дар ҷамъбаст, ба донишҷӯёни тоҷикистонӣ ҳамчун муаррифкунандаи халқи тоҷик Диплом ва медали донишгоҳи НАРХОЗ супорида шуд, гуфт Зокиров А.
Ёдовар мешавем, ки 8 нафар донишҷӯи ДМИТ аз нимсолаи дуюми соли таҳсили равон дар Донишгоҳи НАРХОЗ-и Қазоқистон таҳсили илм доранд.
М. Абдуллоева