Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Эҳсоси ватандӯстии ҷавонон боло мегирад

Эҳсоси ватандӯстии ҷавонон боло мегирад

Рӯзи 15 апрели соли равон бо ибтикори шуъбаи тарбия ва донишҷӯёни курси якуми ихтисоси менеҷменти байналхалқӣ ва сарпарасти гурӯҳ ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Малика Акрамова чорабини тарбиявӣ доир гардид. Мавзӯи чорабинӣ «Мо Ватанро беш аз ҳарвақта дорем дӯсттар» буда, фарогири мавзӯъҳои Тоҷикистон, Ватан, модар, эҳтироми устод ва худшиносии миллӣ буд.
Донишҷӯён бо се забон дар бораи Тоҷикистон маълумот доданд ва дар васфи Ватан, модар ва Тоҷикистон шеърҳо хонданд ва маърузаҳо карданд.
Ҳамчунин дар бораи фиреб хӯрдани ҷавоне, ки бо мақсади пул кор кардан ва «ҷиҳод» намудан ба Сурия сафар карда, аз он ҷо бо пушаймонӣ ва азобҳои зиёд ба Ватан бармегардад, бо маҳорати баланди актёрӣ ва бо эҳсосот саҳначаи театрикунонидашуда аз тарафи донишҷӯён иҷро карда шуд, ки басо ҷолиб ва таъсирбахш буд.
Дар чорабинӣ мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Зарина Давлатшоева баромад карда, қайд намуд, ки бо ташкили ин чорабинӣ донишҷӯён муҳаббати худро нисбат ба Ватан-Тоҷикистони азиз нишон дода, ҷавононро ба ҳушёрӣ ва ифтихори ватандорӣ даъват намуданд.
Дар охир, Хайров Шукрулло, муовини ректор оид ба таълим барои омода ва баргузории ин чорабинии тарбиявӣ донишҷӯёнро таҳсин хонда, онро қувватбахши эҳсоси ватандӯстии ҷавонон маънидод кард. Сипас ба чанд нафар донишҷӯёни фаъоли гурӯҳ: Саидзода Манучеҳр, Сӯфиев Исҳомуддин, Мирзозода Саидҷаъфар, Сафарова Марҳабо, Азизова Парвина ифтихорномаи шуъбаи тарбияи донишкадаро супорид.
Умуман, чорабинӣ хеле хотирмон гузашта, бозгӯи муҳаббати самимии ҷавонон нисбат ба Ватан буд.


Машҳура Абдуллоева