Хабарҳо

Маориф сутуни асосии давлатдорист
Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16 апрели соли равон Раёсати илм ва инноватсия дар якҷоягӣ бо кафедраи фанҳои гуманитарӣ маҳфили илмӣ дар мавзӯи «Вазирони маорифи Тоҷикистон» доир намуд. Онро сардори Раёсати илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов кушода, иброз дошт, ки маориф пояи асосии давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Чунки аз коргари одӣ то роҳбари сатҳи олӣ аз ин макони муқаддас илму дониш ва маҳорати роҳбариро омӯхтаанд, гуфт номбурда.
Сипас Ниёзова Гулчеҳра, муаллимаи калони кафедра дар мавзӯи «Вазирони маорифи Тоҷикистон дар солҳои 1924-2016» маъруза карда, доир ба таърихи маорифи тоҷик ва роҳбарони соҳа маълумоти мухтасар дод. Тавре маърузачӣ қайд кард, аввалин вазир ва асосгузори маорифи Тоҷикистон Аббос Алиев буда, саҳми ӯ дар рушди маориф бузург аст. Аз давраи вазирии ӯ то ба даврони роҳбарии Нуриддин Саид дар ин вазорат зиёда аз 20 вазир кор ва фаъолияти пурсамар кардаанд.
Ҳамзамон хонандагони синфи 10-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шарипова Тахмина дар мавзӯи «Аббос Алиев – асосгузори маорифи тоҷик» ва Саидова Муҳаддиса дар мавзӯи «Нисормуҳаммад Юсуф Зиё» маърузаҳо карданд.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки дар тӯли 25 соли Истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунӣ дигаргуниҳои зиёде ба амал омада, дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 2 ҳазор бинои муассисаҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба солҳои 80-уми асри гузашта 1,6 маротиба зиёд буда, ин аз рушд ёфтани соҳаи мазкур дарак медиҳад.
Хусрав Муҳиддинов