Хабарҳо

Оғози ҳафтаи илм
Дар доираи таҷлили Рӯзи илм дар донишкада аз 18 то 23 апрели соли равон Ҳафтаи илм гузаронида мешавад, ки ҳамарӯза чорабиниҳои илмӣ доир хоҳад гашт. Ҳафтаи илм бо баргузории семинари илмӣ-назариявии донишкадавӣ дар мавзӯи «Сарчашмаҳои асосии даромади оилаҳо ва роҳҳои алтернативии тақсим намудани он дар шароити авҷгирии муносибатҳои иқтисодӣ», ки кафедраи назарияи иқтисодӣ доир намуд, оғоз гардид.
Фахриддин Убайдов, мудири кафедра, дотсент ба кори он оғоз бахшида, қайд кард, ки мавзӯи баррасишаванда мубрам буда, маърузакунандагон тарафҳои гуногуни мавзӯъро, аз қабили сарчашмаҳои асосии даромади аҳолӣ, самтҳои хароҷоти он, механизми оқилона тақсимнамоии он дар микро ва макросатҳ ва инчунин сабабҳои нобаробар тақсим шудани онро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додаанд.
Баъдан Муртазоев Нурулло, дотсенти кафедра дар мавзӯи «Роҳҳои мукаммалгардонии муносибатҳои тақсимот дар шароити муосир», Қандиёрова Дилбар, профессори кафедра дар мавзӯи «Даромади аҳолӣ: манбаъҳо ва самтҳои истифодабарӣ», Негматов Ҷаҳонгир, ассистенти кафедра дар мавзӯи «Сабабҳои нобаробар тақсимшавии даромади аҳолӣ дар шароити бозор» маърузаҳо карданд.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки манбаъҳои асосии даромади аҳолӣ ин замин, сармоя, меҳнат, истеъдоди соҳибкорӣ, иттилоот, муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд. Сатҳи даромади аҳолӣ вобаста ба буҳрони иқтисодӣ кам шуда, дар зарфи як сол - то моҳи январи соли 2016 27 % поин рафтааст. Ҳамчунин дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 воридоти маблағҳои муҳоҷирон ба миқдори 33,3 % кам шудааст, ки ин ба даромади аҳолӣ таъсир расонд.
Дар музокира дотсенти кафедра Ҳамроқулов Ш.Ҳ. баромад карда, қайд намуд, ки масъалаи даромад ва механизми нобаробар тақсимшавии он аз давраи қадим то кунун мушоҳида карда мешавад ва танҳо давлат бо фишангҳои молиявию қарзӣ ва андозӣ метавонад то андозае барои бартараф намудани нобаробарии тақсимоти даромадҳо мусоидат кунад.
Машҳура Абдуллоева