Хабарҳо

Волидон аз шароити таҳсили фарзандон огаҳӣ ёфтанд
16 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва шуъбаи тарбия маҷлиси падару модарони донишҷӯёни курсҳои 3 баргузор шуд. Маҷлисро декани факултет Амрулло Нуралиев оғоз намуда, баргузории ин гуна чорабиниро барои таҳкими робитаи оила бо муассисаи таълимӣ муҳим ҳисобид. Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидонро муваззаф месозад, ки бо муассисаҳои таълимие, ки фарзандашон дар он ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ҳамеша дар иртибот бошанд, чунки таълиму тарбия яке аз масъалаҳои муҳимми имрӯзаи ҷомеа маҳсуб меёбад, гуфт номбурда.
Дар кори маҷлис 70 нафар волидайн иштирок намуда, аз рафти таълиму тарбияи фарзандонашон дар ин боргоҳ огоҳӣ пайдо намуданд. Аз падару модарон хоҳиш карда шуд, ки барои сари вақт ба дарс ҳозиршавӣ ва риояи пӯшидани либоси тавсиявии фарзандонашон ҳамеша зери назорат гиранд.
Дар охир, падару модарони донишҷӯён аз синфхонаҳои таълимӣ, китобхонаи электронӣ ва толорҳои компютерии факултет дидан карда, ба роҳбарияти донишкада бобати муҳайё кардани шароити мусоид барои донишҷӯён изҳори миннатдорӣ намуданд.
Фотима Қодирова, эдвайзери факултет оид ба тарбия