Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шарҳи хавфҳои коррупсия ва муқовимат бо он

Шарҳи хавфҳои коррупсия ва муқовимат бо он

Рӯзи 20 апрели соли ҷорӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора, сардори Сарраёсати пешгирии коррупсионӣ ва Акбарзода Нурмуҳаммад, сармутахассиси сарраёсати мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Ин навбат вохӯрии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни ДМИТ дар асоси «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» доир шуда, дар он таҳлили хавфҳои коррупсия, дарки оқибатҳои ногувори он, роҳ надодан ва муқовимати омилҳои коррупсионӣ, масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он шарҳу эзоҳ дода шуд.
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода дар оғоз баромад карда, коррупсияро яке аз хатарҳои асосии ҷомеа номид ва афзуд, ки он ба рушди устувори давлат монеа эҷод мекунад. Паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин самт тақозо менамояд. Як рӯзи муқовимати умумӣ бо фасод дар кишвар рушди иқтисодии онро ба 2 фоиз беҳтар мекунад. Бинобар ин дар муқовимат бо ин амали номатлуб бояд тамоми аъзои ҷомеа муваззаф бошанд. Дар ДМИТ низ мутобиқи нақша-чорабиниҳо оид ба муқовимат бо коррупсия чорабиниҳо ва корҳои фаҳмондадиҳии зиёд амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ ба омӯзиш ва таҳлили иқтисоди ниҳонӣ машғул буда, доир ба он корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мегузаронанд. Вохӯрии имрӯза ҳам ҳамчун омили пешгирикунандаи ҳолатҳои коррупсионӣ маҳсуб меёбад. Феълан дар таълимгоҳ ҳамаи имтиҳонҳо тариқи маркази тестӣ сурат мегирад, ки ин ҳам барои аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд, гуфт ректор.
Нигора Муқимӣ дар баромадаш доир ба бандҳои алоҳидаи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва татбиқи он бо овардани мисолҳои мушаххас ба ҳозирин маълумот дод. Мақсади баргузории вохӯрии навбатиро дар фароҳам овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, шарҳи мақсади барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва роҳҳои муқовимат бо коррупсия донист.
Ӯ ба ҳозирин муроҷиат карда, дар ошкор, пешгирӣ ва муқовимат бо ин амали номатлуб фаъол буданро тавсия дода, афзуд, ки бетарафӣ барои реша давондани коррупсия асос мегузорад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, омӯзгорону донишҷӯён ба меҳмонон ҷиҳати пешгирии коррупсия ва решакан кардани ин падидаи номатлуб таклифҳои судманд пешниҳод карда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.


Машҳура Абдуллоева