Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мақоми энергетика дар иқтисодиёти миллӣ

Мақоми энергетика дар иқтисодиёти миллӣ

Дар доираи ҳафтаи илм рӯзи 20 апрели соли равон факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ маҳфили зеҳнии «Иқтисод ва ҷомеа»-ро баргузор намуд, ки фарогири мавзӯи «Мақоми энергетика дар иқтисодиёти миллӣ» буд.
Тавре декани факултет Хуршед Давлатов гуфт, тибқи ҳадафҳои стратегӣ пеш гирифтани ҳамаи мушкилиҳои ҷойдошта аз нигоҳи тадқиқотҳои илмӣ зарур ва ҳатмӣ мебошад. Алалхусус аз ҳисоби ҷалб намудани мутахассисони ҷавонон ва донишҷӯёне, ки шавқу завқи тадқиқотӣ доранд ва ташкили маҳфилҳои илмӣ барои ба самти илм ҷалб шудани ҷавонон саҳмгузор аст.
Дар маҳфил дотсенти кафедраи суғурта Саъдихуҷа Маъдиев дар мавзӯи «Муаммоҳои сафарбар намудани неруи гидроэнергетикӣ дар кишвар», донишҷӯи курси 2, ихтисоси суғурта Ҷовидон Халифаев дар мавзӯи «Низоми энергетикии Тоҷикистон - пойгоҳи асосии иқтисоди миллӣ» ва магистранти курси 2 Афзалшо Бобозода дар мавзӯи «Истифода захираҳои гидроэнергетикӣ» баромад карданд.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки рушди энергетика барои пешравии иқтисодиёт, пайдо шудани ҷойҳои кории нав, афзудани иқтидори истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ва дар ҳамин замина ғанӣ гардондани буҷет ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.


Машҳура Абдуллоева