Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Саёҳати шиносоиву омӯзишӣ ба «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ»

Саёҳати шиносоиву омӯзишӣ ба «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ»

Кафедраи фаъолияти биржавӣ ва коғазҳои қиматнок тибқи нақшаи кории кафедра санаи 20-уми апрел донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюми ихтисоси бозори фондиро барои сайёҳати шиносоиву омӯзишӣ ба ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» сафарбар намуд. Дар ҷараёни он донишҷӯён фаъолона ширкат варзида, бо фаъолияти сохторҳои биржа аз наздик ошно шуданд.
Чӣ тавре ки Абдукарим Муминов - мудири кафедраи фаъолияти биржавӣ ва коғазҳои қиматнок зикр намуд, дар ин чорабинӣ 36 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Дар вохӯрӣ Алишер Шерназаров - директори генералии ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» ба донишҷӯён дар бораи таърих ва фаъолияти биржаи мазкур, хариду фурӯши коғазҳои қиматнок маълумоти мухтасар дод. Ҳамчунин мавсуф дар бораи ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни ихтисоси бозори фондӣ дар ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» ибрози назар намуда, онро самаранок арзёбӣ кард. Дар баробари ин роҳбарияти биржаи мазкур ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши устодону донишҷӯёни ДМИТ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии соҳавиро роҳандозӣ намуданро пешниҳод карданд, ки аз тарафи роҳбари гурӯҳ – Муминов А. хуш қабул карда шуд.


Абдуллоева М.