Хабарҳо

Истиқлолияти иқтисодӣ - асоси таъмини зиндагии шоиста
22 апрел конфренсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд.
Онро ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки имрӯзҳо дар қаламрави кишвар ба хотири таҷлили бошукӯҳи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ чорабиниҳои зиёд барпо гашта истодаанд. Дастовардҳои миллати тоҷик дар тӯли солҳои истиқлолият назаррас буда, аз рӯи онҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда мешаванд. Бояд гуфт, ки истиқлолияти иқтисодӣ истиқлолияти давлатиро мукаммал сохта, бидуни истиқлолияти иқтисодӣ мо наметавонем ба комёбиҳо бирасем. Истиқлолият рукни муҳимми давлатдорӣ аст ва он ҳамчун пойдевори устувор барои таъмини зиндагии шоистаи мардум шароит фароҳам меоварад.
- Асолати деринаи расидан ба истиқлолият моро водор месозад, ки ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Вазифаи мо, муҳаққиқон ин нишон додани дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ба наслҳои ҷавон мебошад, - афзуд ректори донишкада.
Ҳамзамон меҳмонони ҳамоиши илмӣ Аскаралӣ Баротов - намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуғаффор Қаюмов - устоди Донишкадаи иқтисод, савдо ва тиҷорати шаҳри Хуҷандро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Сипас маърузаҳои Шавкат Исмоилов - профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии ДМИТ дар мавзӯи «Такмили қонунҳои иқтисодӣ дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», Меҳтар Содиқов, мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқии ДМИТ дар мавзӯи «Иқтидори транзитии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар рушди иқтисодиёт» ва Раҳимзода Ф,, магистранти курси 2-юми ихтисоси молия дар мавзӯи «Бехатарии озуқаворӣ ҳамчун воситаи таъмини ғизои хушсифат» шунида шуд. Маърузачиён дар баромади худ дар заминаи таҳлилҳои илмӣ аз дастовардҳои иқтисодии кишвар, такмили санаду қонунгузориҳо дар даврони истиқлолият хотиррасон шуданд.
Дар охир, дар робита ба маърузаҳои кардашуда музокираҳо сурат гирифт, ки дар он ноиби ректор оид ба таълим Ш. Хайров ва дигарон иштироки фаъолона намуданд.
Конференсия 22-23-юми апрел идома ёфта, он дар 10 бахш: иқтисод, менеҷмент ва молия, фаъолияти бонкӣ, бозори коғазҳои қиматнок ва суғурта, ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ, андоз ва гумрук, математика ва фанҳои табиатшиносӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва омор, фанҳои гуманитарӣ, забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, технологияҳои иттилоотӣ, информатика ва моделсозӣ, варзиш ва мудофиаи гражданӣ доир хоҳад шуд.
Насрулло Тӯйчизода