Хабарҳо

Конференсия идома дорад
Чӣ тавре ки иттилоъ дода будем, конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 10 бахши муқарраршуда идома дорад.
Давоми ду рӯз - 22 ва 23 апрел дар бахшҳо якчанд маърузаҳо шунида шуд. Аз ҷумла, дар бахши иқтисод, менеҷмент ва молия (роҳбари бахш Ф. Убайдов), фаъолияти бонкӣ, бозори коғазҳои қиматнок ва суғурта (роҳбари бахш Ҳ. Сандалов), ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ (роҳбари бахш С. Ҳаитов), андоз ва гумрук, (роҳбари бахш Х. Ҷумъабоев), математика ва фанҳои табиатшиносӣ (роҳбари бахш Н. Усмонов), баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва омор (роҳбари бахш П. Орзуев), фанҳои гуманитарӣ (роҳбари бахш А. Муллоҷонов), забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (роҳбари бахш М. Раҳмонов), технологияҳои иттилоотӣ, информатика ва моделсозӣ (роҳбари бахш Ф. Мирзоахмедов), варзиш ва мудофиаи гражданӣ (роҳбари бахш М. Сафаров) маърузаҳои ҷолиб шунида шуда, конфронс имрӯз ба кори худ ҳусни анҷом мебахшад.
Хотиррасон менамоем, ки 25-уми апрел, соати 11 конфронс расман ҷамъбаст мегардад ва ҳисоботи роҳбарони бахшҳо шунида шуда, аз рӯи натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ ба мақомотҳои дахлдор пешниҳодҳо ирсол карда мешаванд.