Хабарҳо

Аҳамияти шӯриши соли 1916 дар Хуҷанд
Дар санаи 21.04.2016 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба 100 солагии шӯриши соли 1916 дар Хуҷанд мизи мудаввари донишкадавӣ дар мавзӯи «Шӯриши соли 1916 дар Хуҷанд ва аҳамияти он» баргузор карда шуд. Дар кори мизи мудаввар ҳайати устодону кормандон, донишҷӯён, магистрантон ва меҳмонон ширкат варзиданд. Бояд зикр кард, ки дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аввалин нишасти илмиест, ки ба ин санаи муҳимми таърихӣ бахшида шудааст. Бори аввал ду моҳ қабл дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия конференсияи байналмилалӣ бо иштироки намояндагони 8 давлат бахшида ба 100 солагии шӯриши зикргардида гузаронида шуд. Моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон низ доир ба мавзӯи зикгардида конференсияи байналмилалӣ бо иштироки намояндагони 13 кишвари олам баргузор хоҳад гашт. Ин ҳолат аз аҳамияти бузурги назариявию амалӣ доштани шӯриши соли 1916 дар Хуҷанд дарак медиҳад. Боиси ифтихор аст, ки дар миқёси ҷумҳурӣ аввалин маротиба ҷашнгирии ин санаи муҳимми таърихию сиёсӣ дар ДМИТ сурат гирифт.
Кори мизи мудавварро сардори Раёсати илм ва инноватсияи ДМИТ Қ.Муқимов кушода, аҳамияти ин санаро муҳим донист. Сипас муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Бойматов Содиқ бо маърӯзаи «Шӯриши соли 1916 заминаи бедории мардуми Осиёи Миёна» баромад карда, дар бораи заминаҳои пайдоиш ва ташаккули ин шӯриш маълумоти муфассал дод.
Баъдан меҳмони ҳамоиш доктори имҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ғаффоров Нӯъмонҷон бо маърӯзаи «Аҳамияти таърихии Шӯриши соли 1916 дар Хуҷанд» баромад карда, доир ба аҳамият ва оқибатҳои шӯриш маълумот дод.
Дар музокира устодон ва донишҷӯёни ДМИТ ширкат варзида, ба маърузакунандагон саволҳо дода, посухҳои қаноатманд гирифтанд.
Фаридун Сафарзода
ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ