Хабарҳо

Вохӯрии донишҷӯён бо кормандони бонк
21.04.2016. Имрӯз бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкӣ семинари омӯзишӣ бо иштироки кормандони ҶСП ТАҚХ «Имон Интернейшнл» баргузор гардид.
Мудири кафедра Ҳокимбек Сандалов қайд намуд, ки мақсади ташкили ин семинар даъвати хатмкунандагони ихтисосҳои кори бонкӣ ва иқтисодиёти молиявӣ-бонкӣ барои гузаштани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии ин ташкилот ва тайёр кардани онҳо ҳамчун мутахассиси соҳаи бонкдорӣ мебошад.
Нафиса Икромова - тренери маркази таълимии «Таҷрибаи пешқадам дар бизнес ва молия»-и ҶСП ТАҚХ «Имон Интернейшнл» иброз дошт, ки донишҷӯён метавонанд бо хоҳиши худ дар курсҳои омӯзишии ин ташкилоти қарзӣ иштирок намуда, сатҳи маърифати молиявии худро баланд бардоранд. Баъди гузаштани курси мазкур мо метавонем онҳоро дар захираи кадриямон нигоҳ дорем ва дар ҳолати нарасидани кадр ба ин ё он вазифа таъйин ва бо ҷойи кор таъмин намоем, гуфт номбурда.
Дар охири семинар кормандони ин ташкилот талабот ва шарту шароити гузаштани курсҳои омӯзиширо ба донишҷӯён фаҳмониданд.
Хисрав Муҳиддинов