Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дарси кушод - омили болобурди сифати таълим

Дарси кушод - омили болобурди сифати таълим

Рӯзи 26 апрел устоди калони кафедраи омор Бахтиёр Бурҳонов аз фанни системаи ҳисобҳои миллӣ дар курси 3-юми ихтисоси омори факултети ҳисобдорӣ ва омор дарси кушод гузаронид
Устод Бурҳонов Б. дарсро бо як маҳорати баланди педагогӣ оғоз намуда, моҳияти мавзӯъро ба донишҷӯён кушода дод. Пеш аз ҳама, ӯ ишора ба он намуд, ки ҳисоби истеҳсолот дар соҳаҳо, сохторҳо ва дар сатҳи иқтисодиёти умумии мамлакат бо мақсади ба натиҷаи фаъолияти истеҳсолии резидентҳо расидан таҳия карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки дар дарс устод аз тахтаи электронӣ истифода карда, барои донишҷӯён маводи тақсимотӣ, слайдҳо тариқи презентатсияи мавзӯъ ва нишондиҳандаҳои омории нашрияи солонаи Агентии омори назди Президенти ҶТ – «Ҳисобҳои миллии ҶТ»-ро истифода намуд.
Тавре гуфта шуд, нақшаи ҳисоби истеҳсолот дар сохторҳои иқтисодиёт ва дар сатҳи умумии мамлакат - системаи навиштаҷоти дутарафа сабт карда шуда, аз истифодабарӣ ва захираҳо иборат аст. Инчунин дар ин қисматҳо нишондиҳандаҳои истеҳсоли молу хизматҳо, истеъмоли мобайнӣ, арзиши умумии изофа инъикос мешаванд.
Бурҳонов Б. ин нишондиҳандаҳоро ба воситаи истифодаи нишондиҳандаҳои омории соли 2014 ва роҳи татбиқи онҳоро тариқи методологияи мавҷуда нишон дод.
Дар масъалаи тартиби таҳияи ҳисоби истеҳсолот устод сараввал мафҳумҳои истеҳсоли молу хизмат ва истеҳсоли бозорӣ, ғайрибозориро шарҳ ва истеҳсоли молу хизматҳои бозориро дар мисоли як корхонаи истеҳсолӣ нишон дод.
Дар охир донишҷӯён доир ба мавзӯъ якчанд саволҳо доданд ва ба онҳо ҷавобҳои пурра гирифтанд.
Мусаллам аст, ки ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод ва иштироки ҳамдигарӣ дар дарсҳо барои боло бурдани сифати таълим ва баланд бардоштани малака ва маҳорати педагогии омӯзгор созгор аст.


Машҳура Абдуллоева