Хабарҳо

Донишҷӯдухтарони ДМИТ ғолиби озмуни «Гуларӯс»
Бахшида ба Соли оила аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни телевизионии «Гуларӯс», ки тӯли як сол ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон миёни ҷавондухтарон баргузор мегардид, рӯзи 26 апрели соли 2016 дар тарабхонаи «Осмон» ҷамъбаст ва ғолибон эълон гардиданд. Озмун аз шартҳои зерин: пухтани хӯрокҳои миллӣ, омода кардани хӯриш, намоиш додани либосҳои миллӣ, дарзмол кардани либос ва парпеч кардани кӯдаки навзод иборат буд. Мақсад аз баргузории озмуни мазкур омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона маҳсуб меёбад.
Боиси ифтихор аст, ки аз Донишкадаи молия ва иётисоди Тоҷикистон низ дар ин озмун ҳафт нафар донишҷӯдухтарон иштирок карда, чор нафарашон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Аз ҷумла Амина Умарова, донишҷӯи курси 1, факултети молия ва қарз сазовори ҷойи 1-ум, Ҳилола Шукурова, донишҷӯи курси 2, факултети ҳисобдорӣ ва омор сазовори ҷойи 2-юм шуданд. Шаҳзода Шарипова, донишҷӯи курси 1, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ва Мавзуна Саидова, донишҷӯи курси 2, факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд
Ба ғолибони озмун туҳфаҳо ва дипломҳоро раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигули Тағо супорида, онҳоро барои ғолибияташон табрику таҳният намуд.
Рӯзи 27 апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи раёсати ДМИТ ректори донишкада Солеҳзода Ашурбой ин донишҷӯдухтаронро барои ғолибияташон дар озмун муборакбод гуфта, миннатдории Раёсати донишкадаро барои баланд бардоштани эътибори таълимгоҳ, ба онҳо изҳор намуд.
Хусрав Муҳиддинов