Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Беҳтарин донандаи кодекси андоз муайян шуд

Беҳтарин донандаи кодекси андоз муайян шуд

Бо ташаббуси кафедраи андоз ва андозбандӣ 28-уми апрел дар байни донишҷӯёни ихтисоси андоз ва андозбандӣ озмуни «Беҳтарин донандаи кодекси андоз» баргузор гардид. Чӣ тавре ки декани факулети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ Хуршед Давлатов зикр намуд, озмуни мазкур ҳамасола барпо гашта, он дар рушди зеҳнии донишҷӯён кумак мерасонад ва барои беҳтар омӯхтани асосҳои андоз ва андозбандӣ мусоидат менамояд. Дар озмун донишҷӯёни ин ришта ба чор даста – «Ифтихор», «Иқтисод», «Санҷишгари беҳтарин» ва «Дурандеш» тақсим шуда, қувваозмоӣ намуданд.
Хайати ҳакамон, ки иборат аз намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Шоев, корманди Раёсати илм ва инноватсия И. Сафаров, устоди кафедраи андоз ва андозбандӣ Ф. Шодиев буданд, ба малакаю маҳорати донишҷӯён баҳогузорӣ намуданд. Ҳамин тариқ, ҷои аввал насиби дастаи «Санҷишгари беҳтарин» гашта, дастаҳои «Дурандеш», «Ифтихор» ва «Иқтисод» ҷойҳои минбаъдаро сазовор шуданд.


Насрулло Тӯйчизода