Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Натиҷаи кори гурўҳи таблиғотӣ

Натиҷаи кори гурўҳи таблиғотӣ

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ  як қатор устодони кафедра, аз ҷумла н.и.ҳ., дотсент Ҳаитов С.П., муаллимони калон Шарипов У.А. ва Қодиров З.Қ. ва ассистент Ёқубова Г.Д. ҷиҳати ҷалби довталабон ба донишкада ва инчунин шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ рўзҳои 19-20-уми апрели соли ҷорӣ ба чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар карда, корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Вохўриҳо бо сокинон ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоатҳои Маданият, Тугаланг, Узун, Фрунзе, Гулистон, Истиқлол, Калинин, Қумсангир, Ваҳдати миллӣ, Яккадин, Панҷ ва Дўстии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон сурат гирифтанд.
Ба ҷамъомадон сараввал оид ба тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки 22-юми майи соли ҷорӣ бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ доир хоҳад гашт, саволу ҷавоб намуданд ва ба ҳозирин дар бораи зарурати мукаммалсозии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти ин маъракаи муҳимми сиёсӣ маълумоти мушаххас доданд.
Ҳамзамон ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ин ноҳияҳо дар бораи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ихтисосҳои амалкунандаи он, тарзи интихоб ва ҳуҷҷатсупорӣ, шароити таҳсил, иқтидори моддию техникӣ ва ҳайати кадрию профессории донишкада маълумоти муфассал доданд.


Умедҷон Шарипов

муаллими калони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ