Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Масъалаҳои муҳими иқтисодиёт ва идоракунии давлат

Масъалаҳои муҳими иқтисодиёт ва идоракунии давлат

Дар таърихи 26 апрели соли равон маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи иқтисод ва идора бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муҳимми иқтисодиёт ва идоракунии давлат» баргузор гардид.
Дар оѓози маҳфил профессори кафедра Ваҳҳоб Воҳидов оид ба масъалаҳои гузаштаву имрӯзаи иқтисодиёт ва нишондиҳандаҳои молиявии кишвар ибрози андеша намуд. Мавсуф қайд кард, ки дар шароити  имрӯза барои боз ҳам тараққӣ додани соҳаи мазкур кадрҳои баландихтисосро бештар тарбия ва ба ин самт равона бояд сохт.
Сипас донишҷӯи курси 3 Гулаёзов Ш. дар мавзӯи «Иқтисодиёти ниҳонӣ», донишҷӯи курси 1 Замонова И. дар мавзӯи «Нақши сармоягузорӣ дар инкишофи иқтисодиёт ва бартараф гардидани проблемаҳои он», донишҷӯи курси 2 Соҷида Н. дар мавзӯи «Фаъолияти соҳибкорӣ дар замони имрӯза» ва донишҷӯи курси 3 Абдуллоев О. дар мавзӯи «Идоракунии давлат, мазмун ва моҳияти он» маърузаҳои пурмуҳтаво карданд.
Дар охир байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.


Хусрав Муҳиддинов