Хабарҳо

Вохӯрӣ ва чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ
Бо ташаббуси факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» доир гардид, ки дар он волидайни донишҷӯёни курсҳои 2 низ иштирок намуданд.
Ноиби ректор оид ба тарбия Зулфия Ахмедова дар суханронии худ аз ташрифи волидон ба донишкада истиқбол намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки бо донишкада робитаи қавӣ дошта бошанд. Сипас аз тарафи бахши фарҳангии факултет намоиши ҳунарӣ доир гардид. Дар рафти он донишҷӯёни фаъол бо пешниҳод намудани саҳнаҳои тарбиявӣ ва суруду рақс хотири бинандагонро шод намуданд.
Дар охир декани факултет Амрулло Нуралиев суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки донишкада ба шарофати ғамхориҳои Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ торафт барои донишандӯзон имкониятҳои мусоидро фароҳам меоварад ва бояд аз ин шароитҳо ба таври васеъ истифода бурд. Ҳамзамон ба чанд нафар волидайни фаъол аз ҷониби садорати факултет ифтихорномаҳо супорида шуд.
Насрулло Тӯйчизода