Хабарҳо

Ҷавонон ва воқеияти сиёсию иҷтимоӣ
Дар кафедраи омор маҳфили илмии донишҷӯён баргузор гардид, ки он ба мавзӯи “Татбиқи самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тарбия ва таҳкими мавқеи ҷавонон дар ҷомеа” бахшида шуд.
Дар маҳфил донишҷӯи курси якуми ихтисоси омор Ҷовидон Шарипов дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи ҷавонон” ва устоди калони кафедраи омор Рустам Холов дар мавзӯи “Усулҳои омории таҳлили таъсирбахшии омилҳо ба рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ” маъруза намуданд.
Зикр гашт, ки кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон ниёз дорад. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.
Дар маърузаи дуюм ишора рафт, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки рушди соҳаи кишоварзӣ дарбаргирандаи тамоми хусусиятҳо ва афзалиятҳои муносибатҳои бозорӣ буда, омили муҳими тезонидани суръати рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Рушди соҳаи кишоварзӣ барои ғанӣ гардонидани бозор кумаки амалӣ расонида, хизматрасониҳоро фароҳам меорад ва инчунин талаботҳои дигари бозорро низ қонеъ мегардонад.
Пас аз шунидани маърузаҳо музокираҳо сурат гирифт.
Насрулло Тӯйчизода