Хабарҳо

Навовари беҳтарин
Санаи 30 апрели соли ҷорӣ дар донишкада маҳфили илмии зеҳнии муштараки кафедраҳои суғурта ва назарияи иқтисодӣ зери унвони «Навовари беҳтарин» баргузор гардид.
Роҳбари маҳфил Саидхоҷа Маъдиев гуфт, ки мақсади мавриди баҳс қарор додани масъалаи мазкур, ин таҳияи лоиҳаи сармоягузорӣ барои рушди намаки ошии корхонаи ҶСК «Хоҷа-Муъмин»-и ноҳияи Восеъ аст, ки аз ашёи хоми табиии кӯҳӣ тайёр карда мешавад ва аҳамияти иқтисодию молиявӣ дошта, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми калон дорад. Аз ҷумла аҳолии ҷумҳуриро бо намаки ошии баландсифат ва бо нархи арзон таъмин менамояд.
Сипас донишҷӯи курси 2 Ҷамшед Тағоев ба воситаи презентатсия оид ба давраҳои ташаккулёбии маҳсулоти озуқаворӣ, намаки навъҳои гуногунро бо муқоиса намудани техникаи истифодашавандаи муқаррарӣ, муаммоҳои ҷойдошта ва зарурати ҷалби технологияҳои муосир бо истифода бурдани модели муқоисавӣ дар назди ҳозирин мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар анҷом қайд гардид, ки баргузор намудани чунин маҳфили илмӣ барои ташаккул додани савияи дониши донишҷӯён саҳми босазо мегузорад.
Хусрав Муҳиддинов