Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баҳри дарёфти ҷоми факултет

Баҳри дарёфти ҷоми факултет

Бо ибтикори садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт байни донишҷӯёни курсҳои 1, 2, ва 3-юми ихтисосҳои роиҷи факултет баҳри дарёфти дастаи волейболбозони факултет мусобиқаи ҷоми факултет ташкил карда шуд. Дастаҳои волейболбозон аз санаи 18 то 28-уми апрели соли 2016 тибқи ҷадвали тасдиқшуда байни якдигар бозӣ намуданд.
Баъд аз анҷоми мусобиқа ҷойҳои ифтихорӣ муайян гардида, ҷойи якум насиби донишҷӯёни курси якуми гурӯҳи «А», ихтисоси 1-40010202  ва ҷойҳои минбаъдаро донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси 1-40010202 гурӯҳҳои «А» ва «Б» сазовор гаштанд.
28-уми апрел дар маросими ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ ба ғолибон Ҷом ва дипломҳо тақдим карда шуд, ки дар он ноиби ректор оид ба тарбия З. Ахмедова, мудири шуъбаи тарбия Б. Раҷабов ва устоди калони кафедраи варзиш ва  мудофиаи гражданӣ Эламонов Т. иштирок доштанд.


Н. Тӯйчизода