Хабарҳо

Ташрифи волидайн ба ДМИТ
30-апрели соли ҷорӣ дар факултети молия ва қарз маҷлиси падару модарони донишҷӯёни курсҳои 2 баргузор гардид. Маҷлисро эдвайзери факултет Иброҳимов Давлат оғоз намуда, иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидайнро муваззаф месозад, ки бо муассисаҳои таълимие, ки фарзандашон дар он ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ҳамеша дар иртибот бошанд, чунки таълиму тарбия яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар кори маҷлис 43 - нафар волидайн иштирок карда, аз вазъи таълими фарзандонашон дар ин боргоҳи маърифат огаҳӣ пайдо карданд. Аз падару модарон хоҳиш карда шуд, ки барои сари вақт ба дарс ҳозиршавӣ ва риояи сару либоси тавсиявии фарзандонашон ҳамеша диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Сипас волидайни донишҷӯён аз синфхонаҳои таълимӣ, китобхонаи электронӣ ва толорҳои компютерии факултет дидан карда, ба роҳбарияти донишкада бобати муҳайё кардани шароити мусоид барои донишҷуён баҳои баланд дода, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Як қатор волидоне, ки фарзандони онҳо дар донишкада бо баҳои хубу аъло ва одобу рафтори намунавӣ таҳсил менамоянд, бо сипосномаи садорати факултет сарфароз гардонида шуданд.
Амирхон Баротов
эдвайзер оид ба тарбияи факултет