Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«БА ҲЕҶ КАС БОВАР МАКУН»

«БА ҲЕҶ КАС БОВАР МАКУН»

Бо ташаббуси факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ 5-уми май дар донишкада чорабинии тарбиявӣ ва фарҳангӣ таҳти унвони «Ба ҳеҷ кас бовар макун» баргузор гардид.
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки чандест дар донишкада дар доираи нақша-чорабиниҳои муқарраргаштаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чунин чорабиниҳо доир гашта истодаанд. Ҳадафи асосии он пешгирии амалҳои номатлуб ва дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани насли ҷавон мебошад. Чун ҳудуди 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумату давлати Тоҷикистон ба ин нерӯи пешбаранди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Дар навбати худ, Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷавонони соадатманди хеш умедҳои зиёд доранд ва ҳар як ҷавони тоҷик бояд сазовори ин боварӣ бошад.
Сипас, муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назаров ба сухан баромада, изҳор дошт, ки дар 3 моҳи соли 2016 аз тарафи ноболиғон 221 ҳолати содир кардани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар байни ҷавонон (аз 18 то 30 сола) бошад, ин рақам дар ин давра ба 1151 ҷиноят расидааст. Мутаассифона, аз ин шумора 16 ҷиноятро донишҷӯён содир намудаанд. Номбурда афзуд, ки дар шароити ҳассоси муосир ҷавонони тоҷик бояд зиракии сиёсӣ ва масъулиятшиносиро аз даст надиҳанд.
Инчунин маърузаи устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Раҳматулло Ҳомидов дар мавзӯи «Сабабҳои ба ҳаракатҳои ифротӣ шомил шудани ҷавонон» шунида шуд. Донишҷӯёни факултет бо қироати шеъру сурудҳо дар васфи Ватан ва намоиш додани саҳначаи тарбиявӣ хотири меҳмонону бинандагонро шод намуданд.


Насрулло Тӯйчизода