Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ИДИ ЗАФАР МУБОРАК!

ИДИ ЗАФАР МУБОРАК!

Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Дар таърихи тамаддуни башар ғалабаи мардуми шӯравӣ бар зидди фашизм чун таконбахши тақдири инсоният маҳсуб мегардад. Ин пирӯзӣ бар ивази ҷонфидоии ҷавонмардони далеру шуҷои шӯравӣ рӯи даст омадааст. Бо даъвати Ватан-Модар беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон низ дар муҳорибаҳои гуногуни Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарбаландона размида, қариб 100 ҳазор нафари онҳо дар роҳи озодии Ватан ҷон нисор намудаанд.
Насли имрӯза қаҳрамонии онҳоро ҳаргиз фаромӯш наҳоҳад кард. Ватандӯстиву садоқат, шуҷоату матонат, иродаи қавӣ ва дӯстиву ваҳдати ҳамдигарии размандагони шӯравӣ буд, ки мо бар фашизм зафарёб гаштем ва ин ҳама баҳри ҷавонон дарси ибрат аст.



Ректори донишкада Солеҳзода А.А.