Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад»

«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад»

Бо ҳамин унвон бахшида ба муносибати 71-умин солгарди Рӯзи ғалаба бар фашизми гитлерӣ рӯзи 6 майи соли равон бо ибтикори кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар курсҳои якуми ихтисоси 1-96010101 факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ дарси кушод аз фанни забони русӣ гузаронида шуд.
Чорабиниро муаллимаҳои кафедра Содиқова Буригул ва Қодирова Бунафша оғоз карда, аз қаҳрамониҳои мардони шуҷои Тоҷикистон, ки дар шикасти ин қувваи аҳриманӣ ҷони худро нисор кардаанд, ёдовар шуданд.
Сипас донишҷӯён порчаҳои шеърӣ ва сурудҳои аз бар намудаи худро дар васфи қаҳрамониву ҷонбозиҳои иштирокчиёни Ҷанги бузурги Ватанӣ пешкаши ҳозирин намуданд.
Дарси кушод ҷанбаи тарбиявӣ дошта, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифтихори ватандории ҷавонон саҳмгузор хоҳад буд.


Хусрав Муҳиддинов