Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Ғалаба ин арҷгузорӣ ба гузаштагон аст

Таҷлили Рӯзи Ғалаба ин арҷгузорӣ ба гузаштагон аст


Рӯзи 7 май бахшида ба таҷлили 71-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар донишкада чорабинии фарҳангиву маърифатӣ доир гардид.
Онро бо сухани табрикотӣ муовини ректор оид ба таълим Шукрулло Хайров оғоз бахшид ва ҳамагонро бо ин сана муборакбод гуфта, қайд намуд, ки таҷлили Рӯзи ғалаба ва арҷгузорӣ ба корнамоиву қаҳрамониҳои родмардон вазифаи муқаддаси ҳар нафар шаҳрванди худогоҳ буда, омили муҳимми тарбияи насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату ҷасорат ва далерию мардонагист. Корномаи иштирокчиёни Ҷанги бузурги Ватанӣ дар саҳифаи таърих бо хатти заррин сабт гардида, барои наслҳои оянда дарси ибрат аст. Маҳз иттиҳоду ваҳдати комили ҷанговарон ва дастгириву мадади мардуми ақибгоҳ барои расидан ба ин пирӯзии нодир такон бахшид. Бинобар ин мо, насли имрӯза бояд ба қадри сулҳу субот ва оромиву ваҳдати миллӣ бирасем ва барои таҳкими он бикӯшем, гуфт Хайров Ш.
Баъдан донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ бо маъруза баромад карда, доир ба таърихи ҶБВ ва аҳамияти таърихии Ғалабаи халқи шӯравӣ дар ин набард ба таври муфассал маълумот доданд.
Ҳамчунин аз тарафи донишҷӯён дар васфи Ватан, иди Ғалаба ва модар ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шеърҳо бо маҳорати баланд қироат карда шуд, ки басо таъсирбахш буд.
Дар саҳначаҳои ҳаҷвӣ ҳаёти донишҷӯӣ ва ҷавонон рӯи саҳна оварда шуда, ҷанбаҳои тарбиявӣ доштанд.
Ҳамин тавр, чорабинии фарҳангӣ басо ҷолибу диданӣ ва дар фазои ватандӯстиву арҷгузории хотироти қаҳрамонҳои ҷанг сурат гирифт.



Машҳура Абдуллоева