Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Имтиҳоноти давлатӣ дар ДМИТ ҷараён доранд

Имтиҳоноти давлатӣ дар ДМИТ ҷараён доранд

Бо мақсади санҷиши дониши хатмкунандагони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар соли таҳсили 2015-2016 ва ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот ва ихтисос тибқи фармоиши ректори донишкада аз 4 апрели соли ҷорӣ оид ба тасдиқи ҳайат ва ҷадвали кории Комиссияҳои аттестатсияи давлатии хатми соли таҳсили 2015-2016, мутобиқи талаботи «Низомномаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи раисони комиссияи имтиҳони давлатӣ (аттестатсияи ниҳоии давлатӣ) ва ҳимояи кори хатмкунӣ дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои соли таҳсили 2015-2016» чун ҳамасола дар донишкада имтиҳонҳои давлатӣ ҷараён доранд.


Imtihonidavlati4000.jpgИмтиҳонҳои давлатӣ аз 25 апрели соли равон оғоз гардида, то 2 июн идома хоҳанд ёфт.
Мувофиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.03.2016 таҳти №617 дар донишкада 13 нафар раиси имтиҳоноти давлатӣ таъйин шудаанд, ки инҳоянд: Ҷураев Беҳзод - н.и.и., дотсент, мудири кафедраи хизмати бонкии ДСХТ - дар шуъбаи ғоибонаи ихтисоси 1-25010402-кори бонкӣ; Каримов Равшан - н.и.и., дотсент, мудири кафедраи хадамоти гумруки ДҲБСТ - дар шуъбаҳои рӯзонаи ихтисосҳои 1-25010402-кори бонкӣ ва 1-25010202-иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ; Насриддинов Изатулло - н.и.и., дотсенти кафедраи молия ва андози ДСХТ - дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи ихтисосҳои 1-260202-менеҷмент, 1-25010202-иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои хурду миёна ва 1-260202-менеҷмент, магистратура; Қудратов Некруз – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратии ДДТТ - дар шуъбаи рӯзонаи ихтисоси 1-24010302-танзими ҳуқуқии молия ва қарз; Одинаев Рамазон - н.и.ҳ., дотсент, раиси Иттифоқи касабаи соҳаи маориф - дар шуъбаҳои рӯзонаи ихтисосҳои 1-96010101-таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ ва 1-24010300-ҳуқуқи иқтисодӣ; Тағоев Ҷумахон - н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисод ва идоракунӣ дар КАС-и ДМТ - дар шуъбаҳои рӯзона, ғоибона ва магистратураи ихтисоси 1-25010403-андоз ва андозбандӣ; Амиров Фахриддин - муовини сардори раёсати хазинадории Вазорати молияи ҶТ - дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи ихтисосҳои 1-25010404-суғурта, 1-25010410-менеҷменти молиявӣ; Шукуров Бурӣ - н.и.и., дотсенти кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДМТ - дар шуъбаи рӯзонаи ихтисоси 1-25010407 - молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии беруна ва дар шуъбаи ғоибонаи ихтисоси 1-250103-иқтисоди ҷаҳон; Саидмуродова Малика - н.и.и., дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДМТ - дар шуъбаи рӯзонаи ихтисоси 1-960101 - хадамоти гумрук ва шуъбаи магистратураи ихтисоси 1-25010401-молия; Шокиров Равшан - н.и.и., дотсент, мудири шуъбаи магистратураи ДҲБСТ - дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи ихтисосҳои 1-25010401-молия ва 1-25010408-бозори фондӣ; Барфиев Қобилҷон - н.и.и., дотсент, мудири кафедраи таҳлили иқтисодии ДМТ - дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи ихтисосҳои 1-25010801-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо, -25010803-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ ва магистрантони ихтисоси 1-25010800-баҳисобгирии муҳосибӣ; Шоймардонов Сафаралӣ - н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДМТ дар шуъбаҳои рӯзонаи ихтисосҳои 1-25010805-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат, 1-25010201-иқтисодиёти таҳлилӣ, 1-25010500-омор ва шуъбаи ғоибонаи ихтисоси 1-25010804-баҳисобгирии бухгалтерӣ, ҳисобгирии таҳлил ва аудит дар ташкилотҳои тиҷоратӣ; Тоирова Раҷабмоҳ -н.и.и., дотсенти кафедраи информатикаи ДМТ дар шуъбаи рӯзона ва магистратураи ихтисоси 1-40010202 - технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, шуъбаи рӯзонаи ихтисоси 1-3101030604-технологияи иттилоотии идоракунӣ дар иқтисодиёт ва шуъбаи ғоибонаи ихтисоси 1-27010111-иқтисод ва ташкили истеҳсолот.
Imtihonidavlati4001.jpgБояд гуфт, ки аз шумораи умумии хатмкунандагони донишкада, ки 1370 нафарро ташкил медиҳанд (724 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 646 нафар дар шуъбаҳои ғоибона), аз хатмкунандагони шуъбаи рӯзона 712 нафар барои иштирок дар имтиҳоноти давлатӣ иҷозат дода шуда, 12 нафари дигараш барои қарзҳои молиявӣ иҷозат дода нашуданд. Аз шумораи умумии хатмкунандагони шуъбаи ғоибона бошад, 629 нафар ба имтиҳоноти давлатӣиҷозат дода шуда, 17 нафар бо сабабҳои қарзҳои академию молиявӣ иҷозат дода нашуданд.
Барои шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаштани имтиҳонҳои давлатӣ барои хатмкунандагони шуъбаи ғоибона лексияҳои умумӣ (обзорӣ) гузаронида шуд. Инчунин ректори донишкада Солеҳзода А. бо хатмкунандагони шуъбаҳои ғоибонаи ихтисосҳои марбути донишкада оид ба супоридани имтиҳоноти давлатӣ суҳбатҳо гузаронид.
Бояд қайд кард, ки бо дастгирии Раёсати донишкада тамоми имтиҳоноти давлатӣ, ҳимояҳои корҳои хатмкунӣ ва магистрӣ дар синфхонаҳои дорои тахтаҳои электронӣ ва видеотасвирҳо гузаронида мешаванд. Аз оғози имтиҳоноти давлатӣ то ба имрӯз хатмкунандагони ихтисосҳои марбути донишкада фаъолона иштирок намуда, имтиҳоноти давлатиро бо муваффақият супорида истодаанд.
Раисони комиссияҳои аттестатсияи давлатии хатм низ аз рафти ҷараёни имтиҳонот ва дониши хатмкунандагон изҳори қаноатмандӣ намуданд.


Фасихов И.С.

сардори Раёсати таълим