Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ватан беҳтарин ганҷ аст

Ватан беҳтарин ганҷ аст

5.05.2016. Имрӯз дар факултети молия ва қарз семинари тарбиявии донишҷӯён дар мавзӯи «Ватан беҳтарин ганҷ аст» баргузор шуд.
Семинарро ноиби ректор оид ба тарбия Зулфия Ахмедова оғоз намуда, иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва торафт мураккаб гардидани ҷаҳони муосир барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот нақш ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа хеле муассир аст.
Ҳамзамон роҳбари гурӯҳи ҷавонони пешоҳанг (авангард)-и назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадхуҷа Давлатов суханронӣ карда, таваҷҷуҳи бевосита ва падаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз дастовардҳои муҳим барои насли ҷавони кишвар номид. Вақте ки мо ҷавононро умеди фардо, неруи ояндасози давлату миллат меҳисобем, ин суханон як шиори холӣ набуда, балки маҳз вобаста будани ояндаи давлату миллатро ба ин қишри фаъоли ҷомеа мефаҳмонад, гуфт номбурда.
Сипас Ҷӯраева Наргис, донишҷӯи курси 2 дар мавзӯи «Омилҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он», Ёров Қиёмиддин, донишҷӯи курси 3 дар мавзӯи «Терроризм аз нигоҳи Ислом» ва Амонова Дилнора донишҷӯи курси 2 дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот» маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар охир декани факултет Эмомалӣ Шералиев ба меҳмонон барои иштирокашон дар ин семинари тарбиявӣ миннатдорӣ намуда, аҳамияти бағоят муҳим доштани чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон муҳим ҳисобид.


Хусрав Муҳиддинов