Хабарҳо

Ҳама ба раъйпурсии умумихалқӣ
Бо ташаббуси раёсати ДМИТ рӯзи 11 майи соли равон донишҷӯён таҳти сардории раиси Созмони ҷавонони донишкада Алишер Назаров дар кӯчаву маҳалҳо, бозору нуктаҳои сераҳолии шаҳрчаи Гипрозем аксияи таблиғотӣ ва иттилоотӣ гузаронида, ба мардум моҳияту муҳтавои раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаҳмониданд.
Аснои суҳбат бо омма донишҷӯён аз эшон даъват ба амал оварданд, ки дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ, ки рӯзи 22 майи соли ҷорӣ баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзанд. Таъкид карда шуд, ки бо муайян кардани мавқеъ ва додани раъйи ҳар кадом ширкаткунандаи раъйпурсӣ ҷиҳати боз ҳам рушд ёфтани кишварамон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Х. Муҳиддинов