Хабарҳо

Муҳокимаи пешакии рисолаи номзадӣ
Санаи 11-уми майи соли равон муҳокимаи пешакии рисолаи номзадии унвонҷўй ва муаллими калони кафедраи менеҷмент Ҳомидов Абдусалим дар мавзўи «Особенности функционирования и перспективы неформального сектора в сфере услуг (на примере Республики Таджикистан)» таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бозоров Шавкат дар ҳузури ҳайати устодони донишкада ва намояндагони Раёсати илм ва инноватсия баргузор гардид.
Номбурда дар рисолаи номзадии худ масъалаи асосҳои амалинамоӣ ва имкониятҳои бахши ғайрирасмиро дар соҳаи хизматрасонӣ дар шароити муосири буҳрони иқтисодии кишвар мавриди баррасӣ қарор додааст.
Инчунин ба воситаи гузаронидани SWOT-таҳлил тарафҳои заифу қавӣ, имконият ва хатарҳои бахши ғайрирасмиро дар соҳаи хизматрасонӣ таҳлил карда, самтҳои мусбату манфии ин зуҳуротро дар иқтисоди кишвар мавриди омўзиш қарор додааст.
Дар муҳокима Назарамонова Д, н.и.и., мудири кафедраи менеҷмент ва Хоҷахонов А., н.и.и., мудири кафедраи иқтисод ва идора, Ҷураев Х., н.и.и., директори Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи молия, Қосимова С., н.и.п., дотсенти кафедраи менеҷмент ва дигарон иштирок карда, оид ба паҳлуҳои гуногуни тадқиқот суолҳо дода, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд ва баъзе камбудиҳои ҷузъияшро ҳам гуфта гузаштанд ва барои мукаммал кардани он тавсияҳо пешниҳод карда шуд.
Хусрав Муҳиддинов