Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷавонон зидди ифротгароиянд

Ҷавонон зидди ифротгароиянд

Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дарки хатарҳои аз терроризму экстремизм бароянда тибқи нақша-чорабиниҳои факултети ҳисобдорӣ ва омор рӯзи 12 майи соли равон вохӯрии донишҷӯёну устодон бо полковники милитсия, муовини директори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Абдуллоев баргузор гардид.
Сараввал декани факултет Фирӯз Насриддинов баромад карда, бо овардани мисолҳои мушаххас дар бораи вазъи пуртазоди ҷаҳони имрӯз, ки ба аҳолии тамоми сайёра таъсири ногувори худро мерасонад, ёдовар шуда, ҷавононро ба илмомӯзиву ватандӯстӣ даъват кард.
Баъдан Абдуллоев М. дар бораи мафҳуми экстремизму терроризм, омилҳои асосии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, хатарҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидкунандаи терроризми байналмилалӣ, нақши мақомоти қудратии кишвар дар пешгирии амалҳои террористӣ, хатарҳои ифротгароии динӣ ва дигар масъалаҳо рӯшанӣ андохт.
Гуфта шуд, ки имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдиди суботу амнияти ҷаҳонист. Он асосҳои маънавии ҷомеаро хароб карда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол ва ба ҷомеаи мутамаддин хатар эҷод мекунад.
Бинобар ин дар шароити кунунӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Дар муошират ва истифодаи сомонаҳои иҷтимоӣ ҳушёр буда, танҳо ба хотири пешрафти кишвари худ аз арзишҳои миллӣ ва Ватани худ дифоъ кунанд. Номи пуршарафи донишҷӯро бо талаби донишу илм баланд бардоранд, гуфта шуд дар баромадҳо.
Бояд тазаккур дод, ки аз вохӯрии мазкур донишҷӯён маълумотҳои мушаххасу муфид бардошта, барои дарки маънии матраҳшуда омода шуданд.


Машҳура Абдуллоева