Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

МОДАР-ВАТАН ГАНҶИ БЕБАҲОСТ

МОДАР-ВАТАН ГАНҶИ БЕБАҲОСТ

Таҳти ҳамин унвон рӯзи 13 майи соли ҷорӣ аз тарафи донишҷӯёни факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ бо роҳбарии эдвайзери тарбия Зарагул Алиева чорабинии тарбиявӣ гузаронида шуд.
Дар он бо сухани ифтитоҳӣ Зулфия Ахмедова, муовини ректор оид ба тарбия баромад карда, баргузории ин қабил чорабиниҳои тарбиявиро барои боло гирифтани эҳсоси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон мусоидаткунанда арзёбӣ кард.
Сипас Нилуфар Амонова, донишҷӯи курси 2, ихтисоси менеҷменти молиявӣ дар мавзӯи «Ватандӯстӣ аз имондорист» ва Неъматулло Нуров, донишҷӯи курси 3, ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар мавзӯи «Ҷавонон неруи созандаи миллат» баромад карданд.
Дар намоиши ҳунарии донишҷӯён, ки аз иҷрои суруд, тақлидкорӣ, қироати шеър дар васфи Ватан, модар, Тоҷикистон иборат буд, аз тарафи истеъдодҳои ҷавон хеле бо маҳорати баланд пешниҳод гардид. Махсусан сурудхонии Ғафур Ҳасанов, донишҷӯи курси 3, ихтисоси андоз ва андозбандӣ ва рақскунии Лайло Холматова, донишҷӯи курси 1, ихтисоси суғурта басо дилнишину хотирмон буд.
Дар саҳначаи театрикунонидашуда мавзӯи нашъамандӣ ва ҳаёти ҷавонони гирифтори ин вабои аср, ба гирдоби ин бало кашидани дигарон ва оқибатҳои фоҷиабори он рӯи саҳна оварда шуда, бо маҳорати баланди актёрӣ иҷро гардид, ки аҳамияти муҳимми тарбиявӣ дошт.
Дар охир декани факултет Хуршед Давлатов чорабиниро ҷамъбаст ва ба иштирокчиёни он барои пешниҳоди барномаи рангину дидании тарбиявӣ изҳори сипос намуда, ҷавононро ба донишандӯзӣ ва ташаббускориву созандагӣ даъват сохт.


Машҳура Абдуллоева