Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Озмун: куратор ва синфхонаи беҳтарин

Озмун: куратор ва синфхонаи беҳтарин

Бо мақсади ташкил ва гузаронидани «Даҳ рўзи ҷавонон» дар доираи таҷлили Рўзи оила, Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ, 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша – чорабиниҳои ДМИТ барои муайян намудани беҳтаринҳо аз 11 то 18 майи соли равон дар байни факултетҳои донишкада озмуни «Куратори беҳтарин» ва «Синфхонаи беҳтарин» ҷараён дорад.
Барои муайян намудани ғолибони озмун комиссияи корӣ дар ҳайати Саъдулло Носиров-раис ва аъзоён - Раҷабалӣ Холбобоев, Фахриддин Убайдов, Хуршед Насриддинов ва Гулчеҳра Сафарова фаъолияти кураторони факултетҳоро месанҷанд.
Ҳайати комиссия ҳамаи паҳлўҳои фаъолияти кураторӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатгузорӣ; вазъи нигоҳдории синфхонаҳо, ороиш бо навиштаҷоту лавҳаҳои таълимию тарбиявӣ, гўшаи гурўҳ, муҷаҳҳаз будан ва ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгў будани он; нақшаҳои корӣ ва иҷроиши он; усулҳои баргузории дарси тарбиявӣ, дарси кушоди тарбиявӣ; баргузории маҷлиси падару модарон ва давомоти гурўҳро санҷида, баҳогузорӣ менамоянд.
Озмун рўзи 20 май дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рўзи ҷавонон ҷамъбаст ва беҳтаринҳо қадрдонӣ карда мешаванд.


Х. Муҳиддинов