Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иштироки ДМИТ дар Дави миллӣ

Иштироки ДМИТ дар Дави миллӣ

Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» 15 майи соли равон дар ҷумҳурӣ Рӯзи дави миллӣ баргузор гардид.
Чун анъана дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Дави миллӣ аз чорроҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб дар масофаи 10 км то Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор шуд.
Дар рафти кушодашавии маросим раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамила Лангариева баромад карда, ба ҳамаи иштирокчиён бурдборӣ таманно карданд ва дави миллиро тарғибгари ҳаёти солим номиданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар баробари дигар корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимии кишвар аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон зиёда аз 500 нафар дар ҳайати раёсати донишкада, устодону донишҷӯён дар рӯзи Дави миллӣ фаъолона ширкат варзиданд.


Хусрав Муҳиддинов