Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши зан дар ҷомеа

Нақши зан дар ҷомеа

Рӯзи 13 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва бахши кор бо занон ва духтарон дар хобгоҳи донишкада бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила вохӯрии донишҷӯдухтарон бо равоншиноси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Заррина Кенҷаева баргузор гардид.
Зулфия Ахмедова, муовини ректор оид ба тарбия чорабиниро оғоз намуда, иброз дошт, ки ташаккул ва рушди шахсияти инсон аз оила оғоз гирифта, ҷомеаи солим аз оилаи солим ва зани солим вобастагӣ дорад. Вохӯрии имрӯза низ барои устувории оилаҳо нигаронида шуда, барои ин ҳар як нафар духтар метавонад аз маслиҳатҳои муфиди коршиноси варзида корбаст намояд.
Заррина Кенҷаева дар суханронияш барои боз ҳам мустаҳкам кардани мавқеи занон дар ҷомеа ибрози андеша намуд. Ӯ гуфт, ки зани соҳибмаърифату донишманд барои бунёд кардани оилаи солим ва аз байн бурдани зӯроварӣ ва хушунати хонаводагӣ дар оила нақши боризе хоҳад гузошт.
Сипас донишҷӯи курси 2 факултети молия ва қарз Амонова Дилнора дар мавзӯи «Нақши зан дар ҷомеа» маърузаи пурмуҳтаво намуд.
Барои боз ҳам рангину хотирмон гардидани чорабинӣ донишҷӯдухтарон бо иҷро кардани рақсу суруд ва саҳначаи тарбиявӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.


Хусрав Муҳиддинов