Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Озмуни Ҳуҷраи беҳтарин

Озмуни Ҳуҷраи беҳтарин

Бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба «Даҳ рўзи ҷавонон», ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ДМИТ озмуни умумидонишкадавии «Ҳуҷраи беҳтарин» ҷараён дорад.
Бо мақсади муайян намудани ғолибони озмун комиссия дар ҳайати панҷ нафар, Баҳриниссо Насриддинова- раис, Ҳилола Нурова, Умеда Болтаева ва Маҳина Илчибекова, Евгения Мирзоева - аъзоён аз рўи шартҳои зерин ҳуҷраҳои хобгоҳҳоро месанҷанд: вазъи санитарию-гигиенӣ, ороиши ҳуҷра, тарзи истифодабарии молу амволи хобгоҳ аз ҷониби истиқоматкунандагон, фарҳанги муоширати истиқоматкунандагони хобгоҳ бо коменданти хобгоҳ ва мудири бахши хобгоҳҳо, иштироки донишҷўёни ҳуҷра дар маҳфил ва чорабиниҳои фарҳангӣ.
Озмун рўзи 18 май ҷамъбаст гардида, ғолибон рўзи 20 май дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон эълон ва бо Ифтихорномаи ДМИТ қадрдонӣ карда мешаванд.


Х. Муҳиддинов